Давоми 48 соати ахир дар Афғонистон 10 ҷангии Толиб маҳв шудааст
Дар пайи панҷ амалиёти муштараки нерӯҳои эътилоф ва Афғонистон, ки шабонарӯзи гузашта анҷом шуд, ду ҷангии «Толибон» кушта ва нуҳ каси дигар захмӣ шуд.
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон бо нашри баёнияе гуфтааст, амалиётҳои мазкур дар қаламрави музофотҳои Капис, Қандаҳор, Зобул, Хост ва Пактия гузаронида шуда, аз ҷангиён миқдори зиёди силоҳу аслиҳа мусодира кардаанд.
«Ба ҷуз ин дар натиҷаи амалиёти пулиси миллии Афғонистон дар шаҳри Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманд чор мин ёфт ва безарар шуд»,-омадааст дар баёния.
Мақомоти Афғонистон қаблан хабар доданд, ки бар асари амалиётҳои муштараки нерӯҳои эътилоф ва давлати исломӣ дар шабонарӯзи пеш аз ин ҳашт ҷанги ба ҳалокат расида, 23 тани дигар боздошт шуданд.