Дар натиҷаи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухадир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт Сулаймон Талабови 25 сола, сокини ноҳияи Шӯрообод, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Манбаъ илова намуд, ки ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз номбурда 1 киллову 852 грамм маводи нашъадори «ҳашиш», 23 киллову 404 грамм маводи нашъадори «афюн», 41 киллову 390 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира гардид.
Гуфта мешавад вазни умумии ин миқдор маводи мухадир 66 киллову 647 грамро ташкил медиҳад.