Намоишгоҳи тавонмандиҳои манотиқи озод ва вижаи Эрон дар Тоҷикистон, ки дирӯз дар Душанбе оғоз ёфт, ҷараён дорад.
Ҳусайн Шерхонӣ, сӯхангуи сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки ин намоишгоҳ бо ибткори раёсати ҷумуҳрии Эрон ва сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шудааст. Дар ин намошигоҳ намояндагии минтақаи озод ва се намояндагии вижа аз Эрон ширкат доранд. Манбаъ мегӯяд, ҳар як минтақа утоқҳои худро дорад , ки дар он бахши саноат, тавлидот ширкатҳои худро тарғиб мекунанд: «Ҳамзамон саноати дастии хоси ҳар минтақаи озод муаррифӣ мешавад. Дар канори намоишгоҳ як ҳайат иборат аз масъулини вазоратхонаҳо ва тоҷирон низ ба Тоҷикитсон ташриф оврдаанд. Дар ин хайат 22 нафар шомил аст».
Ҳусайн Шерхонӣ илова намуд, ки ҳайати мазкур ғайр аз намоишгоҳ ду кори муҳимеро бояд анҷом бидиҳанд. Онҳо аз минтқаи озоди Қурғонтеппа дидан намуда, баъдан рӯзи 19-уми октябр дар меҳмонхонаи Тоҷикитсон бо роҳбарии сафири Эрон дарТоҷикистон бо масъулини Тоҷикистон нишасти калоне доир менамянд.
Гуфта мешавад дар ин нишаст имзои якчанд санаду созишнома дар назар аст.