Фархунда ба ҳазор доллар ниёз дорад
Фархундаи Ғайрат, як бонуи тоҷик, ки дар сини 13 солагӣ бо иллати нодуруст табобат кардани пойи росташ аз ҷониби осебшиноси беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент маъюб гардидааст, барои муолиҷа ба кӯмаки молӣ ниёз дорад.
Номбурда мегӯяд, баъди муолиҷаи нодурусти табибони Панҷакент ду маротибаи дигар дар беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе ҷароҳӣ шуд, вале комилан шифо наёфт: «Ин ҷарроҳиҳо каме ҳам бошад ба ман кӯмак расонд. Роҳгардиам бениҳоят душвор аст. Духтурони беморхонаи шаҳри Душанбе ба хулосае омаданд, ки ҷиҳати саломатии комил ёфтан маро бори сеюм ҷарроҳии эндопротезӣ кунанд, ки барои анҷоми ин ҷарроҳӣ 4 ҳазор доллари амрикоӣ лозим будааст».
Фархундаи Ғайрат афзуд, падар ва модараш дар деҳа истиқомат дошта, касбу кор ва машғулияти асосӣ надоранд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷавонии ӯро, ки дар сини хурдӣ бемор шудааст ва камбизоатии оилаашонро ба инобат гирифта, каме кӯмак кардааст: «Боз хешовандон кӯмаки худро барои ҷарроҳии ман дареғ надоштанд. Ҳамаи ин маблағҳоро ҷамъ намудаем, аммо ҳоло боз ҳазор доллари дигар, ки барои табобат намудан ба он эҳтиёҷ дорам, намерасад».
Ин бонуи 21 сола аз хонандаҳои Озодагон ва мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои пайдо кардани маблағи мазкур ба қадри имкон кӯмак намоянд: «Ман ҳоло ҷавонам ва дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде дорам. Умедворам, ки бо кӯмаку дастгирии Шумо шифо ёфта, ба муродам мерасам».
Суратҳисоби Фархунда:
2021697259000 000 0017 (сомонӣ)
2460681039000 000 0011 (рубли русӣ)
2021884059000 000 0037 ($)
Телефонҳо: 918-55-06-30, 92-706-28-05