НБО-и Норак боз соҳиби як чархаи нави корӣ шуд
Ҳавопаймои «Антон-225» як чархи кориро, ки барои «НОБ»-и Норак пешбинӣ шудааст, ба Душанбе овард.
Маҳмадюсуф Шодиев, масъули хадамоти матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон гуфт, бо вуҷуди гаронвазнӣ ва калонҳаҷмӣ фурудгоҳи Душанбе аз ӯҳдаи бомуваффақият қабул кардани ҳавопаймои «МРИЯ» баромад. Вазни умуми бори овардашуда 150 тоннаро ташкил медиҳад. Вазни холиси чарх наздики 60 тонна аст.
Бино ба иттилои роҳбари интиколдиҳандаи бори мазкур Евгений Головнев боре, ки интиқол дода шуд гаронвазн буда, дар ҷаҳон дигар ҳавопаймое нест, ки бо чунин вазн парвоз намояд. Головнёв афзуд Фурудгоҳи Душанбе дар қатори сад фурудгоҳҳои ҷаҳон аст, ки чунин ҳавопайморо қабул карда метавонад.
Чархи корӣ дар корхонаи турбинасозии «Турбоатом»-и шаҳри Харкови Украина истеҳсол шудааст. Ин сеюмин чарх аст, ки аз Харков ба Норак дастрас мешавад. Солҳои 2009 ва 2010 низ чархҳои корӣ оварда шуданд. Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, бо таҷдиди чархҳои корӣ иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар НОБ-и Норак меафзояд: «Дар асоси шартномае, ки миёни «Барки тоҷик» ва ҶСК «Турбоатом» баста шудааст, чархҳои дигар ва таҷхизоту технологияҳои наве, ки барои «НОБ»-и Норак зарур мешаванд аз «Турбоатом» дастрас хоҳанд шуд».