Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе зери қароре имзо гузошт, ки тибқи он интиқоли об ба бархе ноҳияҳои пойтахт муваққатан қатъ мегардад.
Мувофиқ ба ин қарор аз соати 23:00-и 18-уми октябр то соати 23:00-и 19-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 24, 25, 43, 44, 52, 53, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Неъмат Қарабоев; Ноҳияи Сино: шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Ю.Вафо, Котовский, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Ҳаёти Нав ва Арбобхотун интиқоли об қатъ мегардад.
Ҳамчунин, аз соати 23:00-и 31-уми октябр то соати 23:00-и 1-уми ноябр ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская 1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Чайковский, ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гастелло, Улуғбек, У.Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192,193, Бинокорон ва ДОК низ бе об хоҳанд монд.
Аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба Озодагон гуфтанд, ки ин тасмим бо далели таъмири истгоҳҳои обтозакунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» гирифта шудааст.
«Раиси шаҳр аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардаааст, миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд»,-афзуд манбаъ.