«Облава» аз байн меравад, хизмат алтернативӣ мешавад
«Хизмати алтернативии шаҳрвандӣ». Анҷумани ҳуқуқшиноси ҷавони Тоҷикистон мавсум ба «Ампаро» таҳти чунин унвон пешнависи тарҳи як қонуни вижаро омода карда, ба маркази миллии қонунгузорӣ ва Маҷлиси Намояндагон ироа намуданианд.
Тавре Дилафрӯз Самадова, як масъули ин созмон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, пешнависи ин лоиҳаи қонун дар ҳамойиши вижа дар Душанбе аллакай баррасӣ гардид ва дар сурати тасвиби он шеваи ҷадиди хизмати шаҳрвандӣ ҷойгузини хизмат дар артиш хоҳад гашт. Самадова афзуд, ин навъи хизмат барои ҷавононе пешбинӣ шудааст, ки ба далели ақоиди мазҳабӣ, мушкилоти хонаводагӣ ва вазъи саломатӣ имкони хизмат дар артишро надоранд. Гуфта мешавад, ин ҷавонон дар хона-интернати маъюбон, парваришгоҳҳои кӯҳансолон ва ё сохтмонҳо бо ҳақмузди камтар метавонанд хизмати сарбозиро адо кунанд. Аммо хизмати алтернативӣ барои ин гурӯҳ на 2, балки 3 сол пешбинӣ гардидааст.
Як чунин таҷриба дар бахши хизмати алтернативии шаҳрвандон дар кишварҳое ба мисли Русия, Ӯзбакистон ва Озарбойҷону Қирғизистон роиҷ буда, Русия дар соли 2004 қонуни «Хизмати алтернативии артиш»-ро қабул кардааст.
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, шояд бо қабули ин қонун дар Тоҷикистон даъват ба сафи артиши миллӣ беҳбуд ёфта, падидаҳои номатлуб аз қабили «облава» куллан аз байн равад.