Раҳмон дар Кувайт авзои кунунии минтақа ва ҷаҳонро ба баррасӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири давлати Кувайт мулоқот кард.
Аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагӣ ва созмондиҳии хуби ҳамоиши «Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ» ва ба иқдоми амири давлати Кувайт доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллар барои кишварҳои рӯ ба рушди Осиё баҳои баланд дод: «Бо ишора ба заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни Тоҷикистону Кувайт, ҳанӯз аз соли 1995 мавҷуд аст, изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди мулоқоти имрӯза ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар такон меёбад».
Зимни мулоқот амири Кувайт ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Манбаъ мегӯяд, миёни ҷонибҳо ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки байналмилалӣ гуфтугӯ сурат гирифт.