Қарор аст, 18-уми октябр Александр Сичев, намояндаи тозатаъини Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон дидан кунад.
Дар ҷараёни ин сафар номбурда бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, сафоратҳои ИМА ва Ҷопон дар Тоҷикистон, роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, ҳамчунин бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Дар назар аст, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳо дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мавод мухаддирро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Гуфта мешавад, сафари ин намояндаи СММ рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр ба анҷом мерасад.