«Пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он», таҳти чунин унвон имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамоише баргузор гардид.
Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия атрофи проблемаҳои омӯзиши коррупсия, асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии мубориза бо коррупсия, пешгирии омилҳои ба пайдоиш ва паҳншавии коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва фазои тоқатнопазирӣ нисбати коррупсия ва ғайра изҳори ақида намудаанд: «Аз ин лиҳоз, ҳам роҳбарони сохторҳои таркибӣ ва ҳам кормандони вазорат ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани ҳолатҳои пайдоиши коррупсия, пешгирии кӯшишҳои фароҳамоварии шароитҳое, ки метавонанд боиси ҳолатҳои коррупсионӣ гарданд, бояд дастҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳанд».
Масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо иброз намудаанд, ки вазорат оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия тибқи сандаҳои тасдиқ гардида ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мунтазам маълумоти муфассал манзур менамояд.