Имрӯз,17-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар Қувайт бо хонум Йинглак Шинаватра, сарвазири Шоҳигарии Таиланд мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷа ба Озодагон иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Таиланд, аз ҷумла дар заминаи санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар имзошударо баррасӣ кардаанд: «Зарурати татбиқи босамари 7 санади муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2005 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид гардид».
Манбаъ мегӯяд дар ин мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории гуногунсоҳаи дуҷониба таъсис дода шавад.
Аз Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.