Дар ин бора аз Раёсати бозрасии автомобилии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ доданд.
Ба иттиллои манбаъ, субҳи дирӯз тахминан соати 09:30 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ронандаи автомашинаи «ДЭУ-ланос», Баҳоваддин Атохуҷаеви 50 сола аснои ҳаракат ба роҳи мошингарди Конибодом-Исфара дар километри 21-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самтм муқобили ҳаркат баромада ба автамашинаи тамғаи «ВАЗ21 07», ки таҳти идораи Қадриддин Шаҳобиддинови буд, бар хурдааст. Дар натиҷа ҳарду ронанда ва мусофири автамашинаи тамғаи «ВАЗ21 07», Додохон Қудусов ҷароҳат бардоштаанд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки аз 07 то 15-уми октябри соли равон дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳӯрӣ 35 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 11 нафар ба ҳалокат расида, 54 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.