Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ҷурми авбошӣ як гурӯҳи ҷавононро боздошт намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, бо ин иттиҳом, яъне авбошӣ Сулаймон Зафарови 19 сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гипрозем, Самад Абдуллоеви 18 сола аз маҳаллаи Яккачинор, Манучеҳр Шарипови 21 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсӣ, Амирхудо Назрихуҷаеви 18 сола, ҷои истиқоиаташ кӯчаи Синои шаҳри Душанбе, ки донишҷӯёни бахши 2-юми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳастанд, дастгир карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон рӯзи 12-уми октябри соли равон, соати 13:00 дақиқа дар боғи фароғатии кӯчаи Мирзо Турсунзода аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
Нобаршудагон бо донишҷӯёни бахши 1-уми донишгоҳи мазкур Зафар Ҳумайнӣ, Умед Маҳмадуллоев, Далер Нозуков, Шоҳин Нуров, Шаҳриёр Тахмурас ва Алишер Набиев ҷанҷол намуда, якдигарро латукӯб кардаанд.
Феълан нисбати ин гурӯҳи донишҷӯён парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.