Дар толори меҳмонхонаи «Космос»-и шаҳри Маскави Русия 13-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръони маҷид баргузор гардид.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин озмун намояндагони 34 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок кардаанд. Аз Тоҷикистон дар озмуни мазкур ҳофизи ҷавони Қуръон Мифтоҳиддин Исломзода ширкат намудааст. Бино ба иттилои манбаъ, ин навбат озмун дар ду давр баргузор гардид, ки аъзои доварон (аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Малайзия, Федератсияи Русия, Ҷумхурии Туркия, Ҷумҳурии Яман) ба даври ниҳоӣ 7 нафар ҳофизони Қуръонро аз Арабистони Саудӣ, Кувайт, Миср, Тунис, Урдун, Штатҳои муттаҳидаи Амрико ва Яман сазовор донистанд: « Дар ин озмун Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия, президенти озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳори Масква иштирок доштанд».
Дар фарҷоми озмун намояндаи Тунис – Марзук Ҳуссем аз ҷониби доварон ғолиби озмун ва намояндагони Яману Кувайт сазовори ҷойҳои дуюму сеюм дониста шуданд.
Гуфта мешавад се сол пеш дар 10-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳри Масква намояндаи Тоҷикистон Сиратулло Рауфов барандаи озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон шуда буд.