Оқил Оқилов: Камбудиҳои хурди техникӣ дар нақби «Шаҳристон» дар кутоҳтарин мӯҳлат бартараф карда шаванд
Имрӯз, 16-уми октябр Оқил Оқилов, сарвазири кишвар зимни сафараш ба минтақаи Суғд аз раванди анҷоми корҳои сохтмонии нақби «Шаҳристон» шинос шуд.
Бино ба иттилои Субҳиддин Муҳиддинов, мушовири маркази матбуоти президенти Тоҷикистон Оқил Оқилов аз рафти корҳо дар ин нақб изҳори розигӣ намуда, супориш додааст, ки дар мӯҳлати кутоҳтарин камбудиҳои хурди техникии мавҷуда дар ин нақб бартараф карда шаванд: «Сарвазири кишвар ҳамчунин аз қисматҳои алоҳидаи таъмири роҳи Айни-Панҷакент дидан намуд». Тибқи иттилои расмӣ дар назар аст нақби «Шаҳристон» рӯзҳои наздик бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёбад.