14-уми июн дар Остона мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо сарвари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сурат пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии президенти кишвар иттилоъ доданд, дар ин нишаст масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.«Сатҳи баланди боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо доир ба масоили умдаи сиёсӣ хислати хоси робитаҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мебошад», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат президент Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони фаъоли иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз рўи нишондодҳои табодули молу маҳсулот дар миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Русия дар ҷои дуюм қарор дорад.Ҷонибҳо қайд карданд, ки Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, ки тирамоҳи соли 2010 ба фаъолият шуруъ карда буд, воситаи хуби густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ аст.Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки вақти барпо намудани ҷаласаи якуми Шўрои байнидавлатии ҳамоҳансозӣ дар сатҳи олии сиёсӣ фаро расидааст. Зимнан, президенти Тоҷикистон Нурсултон Назарбоевро даъват намуд, ки барои анҷом додани ин кор дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.Ёдрас менамоем, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ба Остона сафар карда, феълан дар Қазоқистон қарор дорад.