ар Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли равон сатҳи таваррум муътадилияти худро нигоҳ дошта, ҳамагӣ 5,6 дар садро ташкил дод.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи номбурда дар моҳи сентябр ба 1,3 фоиз баробар шуда, дар 12 моҳи охир 5,9 фисадро ташкил дод.
«Нишондиҳандаи дигари муҳим ва яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 августи соли ҷорӣ то ба имрӯз тағйир наёфтааст ва дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад»,-афзуд сарчашмаи хабар.