Мавриди тазаккур аст, ки рӯзи душанбе Иттиҳоди Аврупо эълон дошт, ки бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримоти нав эъмол кард. Бар асоси таҳримоти нави Иттиҳодияи Аврупо моликияти 34 муассиса ва як фарди алоҳидаи эронӣ масдуд мешавад ва онҳо ҳаққи сафар ба кишварҳои узви иттиҳодро нахоҳанд дошт. Ҳамчунин, хариди гази Эрон ва муомилот бо бонкҳои ин кишвар мамнӯъ мешавад, ба истиснои муомилот барои кӯмакҳои башарӣ, хариди маводи ғизоӣ ва доруворӣ.