Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Ҳасан Маҳмуродови 22 сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Балҷувон аснои ҳаракат дар деҳаи Дараи ноҳияи Тумурмалик аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада онро ба чуқурии 280 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур бародарон Умаралӣ ва Амонулло Баҳодуров, ки яке 23 ва дигари 19 сол доштанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда Ҳасан Маҳмуродов ва мусофирони дигари автомашина Раҳматулло Раҳмоналиев ва Ҷумахони Турахон дар беморхона бистариянд.