Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон, ки дар маросими ба оташ кашидани маводи мухаддир ширкат дошт, ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки аз ҷумлаи маводи нашъадори сӯзонидашуда 1770 килои онро ҳероин ташкил медод, 2760 кило афюн ва 140 килои дигар ҳашиш буд. «Associated Press» истинодан ба қавли Бозмуҳаммад Аҳмадӣ навиштааст, ки мухаддироти сӯзонидашуда мутааллиқ ба ҳамон парвандаҳое мебошанд, ки барои нобуд сохтанашон додгоҳ ҳукми худро содир кардааст.