Нахустин намоишгоҳ-фурӯши хайриявӣ 20-уми октябр аз соати 10:00 то 13:00 дар гулгашти паҳлӯи театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мепазирад.
Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои «Ватан» ба Озодагон гуфт, ки ҳадаф аз намоишгоҳи мазкур тақдими тӯҳфаҳои идона ва солинавӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор аст. Номбурда дар мавриди тартиби гузаронидани чорабинии мазкур гуфт: «Дӯстони радиои мо ва ҳар нафари машҳуру шинохта чизе аз молу ашёи сифату арзиши хубдоштаро, ки дигар истифода намебарад, ба мо пешниход мекунад. Мо онҳоро дар рӯзи намоиш ба фурӯш бароварда, барои ҳамаи онҳо нархи рамзии аз 3 то 50 сомониро мегузорем. Илова бар ин бо молу ашёи нафарони шинохта ва машҳур (мо умедворем, ҳатман пешниҳод мешавад) музояда баргузор мешавад».
Директори барномаҳои радиои «Ватан» гуфт, маблағи аз ин фурӯш ба даст омада барои тӯҳфаҳои идона ба кӯдакони ятиму бемору бепарастор сарф хоҳад шуд.
Дар ҷараёни ин намоишгоҳ барои кӯдакон бозиҳои саргармкунанда бо ширкати масхарабоз ва қаҳрамонҳои дигари афсонавӣ гузаронида мешаванд.
Намоишгоҳ-фурӯши хайриявӣ бо ташаббуси радиои «Ватан» ва ҳамдастии ташкилоти ҷамъиятии «Даст ба даст» ва сомонаи Tajikmama роҳандозӣ мегардад. Ёдовар мешавем,радиои «Ватан» имсол Клуби Ихтиёриён (волонтёрҳо)-ро таъсиси дод. Саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва покизагии атроф, кӯмакрасонӣ ба ниёзмандон, ташкили иду ҷашнҳо барои ятимон ва кӯдакони бемор яке аз самтҳои аслии фаъолияти ихтиёриён мебошад.