1200- нафар мутахассиси тоҷикистонӣ дар Ҷопон касб омӯхтаанд
Ҷопону Тоҷикистон омодаанд, ки ҳамкориҳои минбаъдаашонро дар тамоми бахшҳои иқтисодӣ тақвият бидиҳанд.
Дар ин бора, шоми дирӯз зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нойибраиси оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ («Ҷайка») Киёши Кодера иброз гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент нишасти мазкур шоми дирӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон сурат пазируфт. Дар ин мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷаноби Раҳмон гуфт, "барои Тоҷикистон густариши ҳамкории судманд бо Ҷопон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дар қитъаи Осиё буд, ҳаст ва хоҳад монд».
Киёши Кодера бошад, дар навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои арзи ҳамдардӣ ва кўмаки башардўстона ба Ҷопон баъди заминларзаи шадид ва ҳолати фавқулодда дар нерўгоҳи атомии Фукушима изҳори сипос намуд.
Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкории пурсамари 18 – сола ба Ҷопон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо мусоидати ҳукумат ва созмонҳои мухталифи Ҷопон дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёд барои беҳдошти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва роҳсозӣ, рушди деҳот, обрасонӣ, бозомўзию такмили ихтисоси мутахассисон амалӣ гардидаанд. То имрўз зиёда аз 1200 коршиносу мутахассиси Тоҷикистон ихтисосу малакаи касбии худро бо мусоидати оҷонсии «Ҷайка» дар Ҷопон баланд бардоштаанд.