Буртон: Тоҷикистон кишвари муҳим дар Осиёи Марказист
Нуриддин Шамсов, дипломати тоҷик бо Раиси зеркумитаи Конгресси ИМА оид ба умури Аврупо ва АвруОсиё Дан Буртон вохӯрд
Тавре ба Озодагон Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар оғози мулоқот Сафири ҶТ дар ИМА ба ҳамсӯҳбаташ роҷеъ ба роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, низомию амниятӣ ва байнипарлумонӣ ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, дипломати тоҷик зарурати таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои дуҷонибаро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва саркашӣ намудан аз супоридани андоз аз даромад ва дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо матраҳ кард.
Дар навбати худ, Дан Буртон аз пазироии самимӣ зимни сафари кориаш ба Тоҷикистон, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, изҳори сипос карда, қайд намуд, ки омода аст, аз Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои дуҷонибаи гуногунпаҳлӯ ва мутақобилан судманд дубора боздид намояд. Ӯ Тоҷикистонро «кишвари муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд.