Боздошти «тиллодуздон» дар Душанбе
Шаби 9-уми октябр соати 20 : 30 дақиқа, ду нафар пеши роҳи Ҳурматой Шарифова, як сокини шаҳри Душанберо гирифта, бо дастаи табар ба ӯ зарба зада, аз гарданаш занҷири тилоияшро мегиранд.
Дар ин бора аз дафтари матбуотии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, Ҳурматой Шарифова аз ин қазия ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат мекунад.
Гуфтанист, аллакай дар робита ба ин ҳодиса, Муҳаммадиев Ҳикматулло ва Абдуҳалим Муҳаммадиев ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд. Арзиши занҷираи тиллоӣ 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад