Дар ин ҳамойиш намояндагони беш аз 56 давлати ҷаҳон бо шумули Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар қисмати аввали он, журналистон- Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи «Азия-плюс» ва Хилватшоҳи Маҳмуд (Хоҷаев), сармуҳаррири хабаргузории Озодагон намояндагӣ доштанд, ки бо кӯмаки молии Институти Ҷамъияти кушода Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озими Варшава гашта буданд.
Маврид ба ёдоварист, Музаффар Ашӯров, мудири шӯъбаи ҳуқуқҳои конститутсионии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, аснои суханрониаш дар нишасти САҲА бархе аз расонаҳоро дар "сафед кардани ҷинояткорон" ва эҷоди шароит барои такрори ҳодисаҳои Хоруғ муттаҳам кард. Ин изҳороти ҷаноби Ашӯров дар пайи ҳарфҳои Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, дар мавриди озодии васоити ахбори омма дар Тоҷикистон садо дод, ки ӯ дар баромадаш иброз дошта буд: «Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар тӯли ду моҳи ахир дастрасӣ ба чанде аз торнамо (сайт)-ҳои дохиливу хориҷиро масдуд кардааст».