Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶ «Медиа-алянси Тоҷикистон» дар номаи худ навиштаанд: «Садамаи фоҷиабори нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигори шинохта, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси изҳори ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ гардидааст».
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шоми 9-уми октябр Искандари Фирӯз, ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камри» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷониби Қарияи боло ҳаракат мекарданд ва дар наздикии Боғи ҳайвонот бо автомошинаи тамғаи «Ландкрузер», ки аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар як соат ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Шоҳиди ҳодиса Шуҳратёр, додарзодаи Искандар, мегӯяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкрузер» фирор кардааст ва то ҳол аз ӯ хабаре нест.
Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирӯз, яъне бевосита пас аз садама, эътироф карданд, ки ҳодиса бо айби ронандаи «Ландкрузер» рух додааст, аммо субҳи имрӯз онҳо назари худро тағйир дода, мавриди тартиби протоколи рафти ҳодиса, Искандари Фирӯзро гунаҳгор медонанд.
Зимнан, ҷомеъаи журналистиро чунин рафти таҳқиқ воқиан ҳам нигарон кардааст, зеро нисбати мунсифияти таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад:
«Бинобар ин, созмонҳои журналистӣ аз Шумо-Рамазон Раҳимов, эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоидат намоед».
Аз Озодагон: Воқеъан соате қабл, гурӯҳи журналистон, ки дар ҳайати он кормандони масъули хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи Озодагон низ шомил буданд, ба шӯъбаи эҳёгарии касалхонаи Қарияи Боло барои дидорбинӣ ва огоҳӣ аз вазъи Искандари Фирӯз рафта буданд. Тибқи иттилои пизишки муолиҷакунандаи журналисти ҷабрдида, саломатии Искандар вахим арзёби мешавад, ҳарчанд нафаскашии ӯ мӯътадил аст. Хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ дар ҳолати кома қарор дорад ва ба назди ӯ касе аз наздиконаш иҷозаи даромаданро надорад.