Беэҳтиётии ронанда боис ба марги ӯ ва мусофираш гардид
Дар ин бора ба Озодагон аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохила иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, рӯзи гузашта, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нисан-Серена», Фаррух Тошови 24- сола, сокини ноҳияи Панҷакент аснои ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи
«Шанси» (Дулон), ки таҳти идораи ронанда Ҷалол Киримови 37- сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар канори рости роҳ истода буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири «Нисан-Серена», шаҳрванди Федератсияи Русия, Рустам Баязитови 51-сола, муваққатан сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва худи ронандаи автомашинаи «Нисан-Серена» Фаррух Тошов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари ҳамин автомашина Алиҷон Тошови 32-сола, сокини ноҳияи Панҷакент захм бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Сарчашмаи хабар афзуд, худи ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия»Баҳриддин Қурбонови 27-сола, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти Даҳана ба тарафи ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди деҳаи Даҳана бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол Шаҳзод Тухмуродови 5-сола, сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаро пахш намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.