16-уми октябр дар шаҳри Маскав Анҷумани III-юми роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ва Анҷумани роҳсозон роҳбарони кумитаҳои иҷроияи кишварҳои узви ИДМ ширкат карда, масоили марбут ба ҳамоҳангсозии кори нақлиёт ва роҳҳои ИДМ-ро баррасӣ хоҳанд кард.Ба ҷуз ин дар нишаст, намояндагони ҳукумати иҷроия ва қонунбарории Федератсияи Русия ва ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, як қатор вазорату ташкилотҳо, мутахассисони варзидаи соҳаи роҳсозӣ ва кумитаҳои иттифоқҳои касаба иштирок менамоянд.
Манбаъ инчунин афзуд, ки рӯзҳои 15-18-уми октябр Вазорати нақлиёти Русия ва «Росавтодор» намоишгоҳ - форуми байналмилалии «Роҳ - 2012»-ро доир мегардонад.