Намояндаи ташкилоти «Ампаро» Хуршеда Раҳимова мегӯяд, судя ба ҷонибҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонда дода, сипас ба онҳо то 19-уми октябр мӯҳлат дод, то ки онҳо далелҳои нав пешниҳод намоянд, гувоҳҳои навро оваранд, агар дошта бошад, ё метавонанд дар ин мӯҳлат бо созиш оянд.
Ёдрас менамоем, 29-уми июни соли 2012 раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард. Эътирози раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, аз қайди дубора нагузаштани созмон дар раёсати адлия, кушодани сомонаи интернетии созмон бар хилофи Оиннома ва бидуни иҷозатнома ташкил кардани дарсҳо оид ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» дар синфҳои 9-11-и макотиби таҳсилоти умумии ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иборат аст.