Дар ҳамин ҳол шоҳидони ҳодиса мегӯянд, автомашинаи «Ландкрузер» дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт, дар наздикии «Боғи ҳайвонот» самти ҳаракаташро дигар карда, ба тарафи муқобил баромада, ба «Тойота Камрӣ» бархӯрдааст. Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар натиҷаи ин зарба ҷароҳат бардошта, ҳар ду пояш аз се ҷо шикастааст, ҷигараш кафида, сараш низ зарб хӯрдааст.Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба қавли кормандони Бозрасии автомобилӣ, ҳодисаи мазкур дар ҳоли омӯзиш қарор дорад.