Ба қавли ӯ, номзадаш розӣ аст, ки Мавзуна дар варзиш боқӣ монад ва машқу тамринашро идомабидиҳад.
-Аммо ин ки пас аз фарзанддор шуданам ба майдон мебароям, ё не, хоҳиши худи ман аст,-афзуд Мавзуна Чориева.
Ёдрас менамоем, Мавзуна Чориева ягона варзишгари тоҷикистонӣ аст, ки имсол дар мусобиқоти олимпии Лондон-2012 бо нишони биринҷӣ ба ватан баргашт. Муштзани тоҷик дар як мусоҳибаи ахири телевизионӣ ба мухлисонаш иброз дошт, ки то медали тилло нагирам, ба шавҳар намебароям.