Имрӯз,10-уми октябр дар Душанбе мушовараи якҷоя миёни Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилаи Русия ба кори худ шурӯъ намуд.
Аз Вазорати корҳои дохила ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар назар аст зимни ин нишаст ҳамкориҳои муштараки ин ду ниҳоди давлатӣ дар мубориза бар зидди экстремизм, ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои трансмиллӣ доранд, баррасӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешвад дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2013 матраҳ мегардад.
Лозим ба ёдоварсит шоми дирӯз ҳайати Вазорати корҳои дохилаи Федератсияи Русия бо роҳбарии Колокольцев Владимир Александрович, вазири корҳои дохилаи ин кишвар, генерал-лейтенанти политсия ба Душанбе ташриф оварданд.