Чжан Сзилуни хитойӣ муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти Конфедератсияи футболи қораи Осиё интихоб гардид.
Дар ин мақом ҷаноби Чжан роҳбари собиқи ин Анҷумани варзишӣ Муҳаммад бини Ҳаммоми қатариро иваз кард.
Тибқи иттилои расида, бин Ҳаммом бо иттиҳоми даст доштан дар ришвахӯрӣ ва фасод аз симматаш барканор гардидааст. Чжан Сзулин тайи сӣ соли ахир дар бахши варзиш кор карда, соли 2008-ум сарвари кулли бозиҳои «Олимпиада-2008»-и Чинро ба зимма дошт. Гуфта мешавад, дар солҳои 2006 ва 2010 ӯ ба ҳайати кумитаи олӣ ва роҳбарикунандаи мусобиқоти ҷаҳонии футбол шомил гардида, шахси кордону лаёқатманд муаррифӣ мешавад. Зимни муроҷиаташ ба кормандони дастгоҳи марказии Конфедератсияи Футболи Осиё дар рӯзи душанбеи гузашта гуфтааст, «мо ҳама дар наздамон танҳо як нақша дорем: рушди футболи қораи Осиё . Ва танҳо дар якҷоягӣ метавонем ба ин ҳадафҳоямон ноил гардем».
Ёдрас менамоем, Конфедератсияи Футболи Осиё 8-уми майи соли 1954 таъсис ёфта, қароргоҳи марказиаш дар шаҳри Куала-Лампури Малайзия воқеъ аст. КФО дар ҳоли ҳозир 46-аъзо дорад, ки Тоҷикистон низ шомили ин гурӯҳ аст.