Тоҷикистону Австрия баровардани қушунҳои байналмилалиро аз Афғонистон баррасӣ намуданд
Дар Душанбе машварати навбатӣ миёни Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷаи Австрия баргузор гардид.
Давлат Назриев, сӯхангуи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин нишаст ҷонибҳо масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва бисьёрҷониба, аз ҷумла омодагӣ ба сафари расмии Ҳайнтс Фишер, президенти Австрия ба Тоҷикистонро, ки соли оянда ба нақша гирифта шудааст, матраҳ намуданд: « Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байни Тоҷикистон ва Австрия, самтҳои калидии татбиқӣ барномаҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ҷалби сармояи австриягӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна ва амнияти минтақавиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд ».
Гуфта мешавад дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистонро Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали Вазири корҳои хориҷа ва ҷониби Австрияро хонум Ҳайдемари Гюрер, сафир, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ, Балкани Ғарбӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорат оид ба масъалаҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия намояндагӣ карданд.
Манбаъ илова намуд, ки ҷонибҳо доир ба баровардани қушунҳои байналмилалӣ оид ба сулҳ ва татбиқи барномаҳои минтақавӣ пас аз соли 2014 аз Афғонистон табодули афкор намуданд: « Дар мавзӯи Афғонистон тарафҳо оид ба зарурияти талошҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бобати барқарор намудани сулҳу субот, устуворӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишвар ақидаи ягона доштанд. Таъкид карда шуд, ки истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ба амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ вобастагии зич дорад».