Волидонро барои амали фарзандонашон ба ҷавобгарӣ кашиданд
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ чанд ҷавону наврасро бо иттиҳоми дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт намуданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, зимни як амалиёти вижа муайян шуд, ки ин ҷавонон нимашабҳо бо лазери пурқувват ба ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, тайёраву чархбол халал мерасонанд. «Ин гуна амалҳо хавфи сар задани фалокат ва садамаҳои ҳавоиро пеш меоварад»,-афзуд сарчашмаи хабар.
Бино ба иттилои манбаъ, барои содир намудани ин амали хатарнок Мурод Неъматови 21 сола, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Исматови 15 сола, хонандаи синфи 9 мактаби тахсилоти умуми №66-и ноҳияи Сино, Шоҳрух Аъзамови 15 сола, хонандаи синфи 9-и МТУ №40-и ноҳияи Фирдавсӣ, Равшан Мусоеви 17 сола, хонандаи синфи 11-и МТУ №50-и ноҳияи Синоро боздошт гардиданд. Аз онҳо ду адад асбоби равшанидиҳандаи лазер гирифта шуд.
«Инчунин шаҳрванд Холмаҳмад Абдураҳмонови 38 сола, зодаи шаҳри Кӯлоб, сокини шаҳри Душанбе, ки ба ин ноболиғон асбобҳои мазкурро фурухтааст дастгир шуд.
Феълан нисбати падару модари ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пратоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд»,-илова кард манбаъ.