Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент дар фурудгоҳи пойтахт райисҷумҳурро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар президент Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов ва сарвари Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров ҳамроҳӣ мекунанд.{jathumbnail off}