Мӯйсафеди 73-сола 8 солу 6 моҳ ҳукми зиндон гирифт
Додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар қиболи сокини 73-солаи шаҳри Исфара Зиёвуддин Ҷӯраевро чунин ҳукм баровард.
Ёдрас менамоем, 21-уми июли соли ҷорӣ Зиёвуддин Ҷӯраев ба рӯи судяи додгоҳи шаҳри Исфара Абдуҳамид Давронов сирко (кислота) пошида буд. Ин амали ӯ ба нишони эътироз аз ҳукми эълоннамудаи додрас оиди баҳси молу мулкӣ буд, ки на ба фоидаи Ҷӯраев ҳал шуда буд.
Гуфта мешавад, додгоҳ Зиёвуддин Ҷӯраевро дар асоси ду банди КҶ-и Тоҷикистон, таҳдиду зӯроварӣ нисбат ба судя ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ гунаҳкор донистааст.