Шаш санади ҳамкории Тоҷикистону Русия. Аз баҳси пойгоҳ то муҳоҷират
Рӯзҳои 5-ум ва 6-уми октябри соли равон президенти Русия Владимир Путин бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, зимни ин боздид ва ҷаласаи ниҳоии раҳбарони ду кишвар зери шаш созишномаи ҳамкорӣ имзо гузоштанд. Аввалин созишномаи ин ду кишвар дароз намудани мӯҳлати буду боши пойгоҳи низомии 201маҳсуб гардида, Русия бар ивази ба мӯҳлати 30 сол тамдид шудани он, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва лавозимоти муосири низомӣ таъмин намуда, кӯмакҳои дигари ҳарбию техникӣ мерасонад ва омӯзиши кадрҳои низомии тоҷикро дар муассисаҳои таълимии худ васеъ ба роҳ мемонад. Мувофиқи тасмимоти ду ҷониб бояд қудрати дифоии Тоҷикистон тақвият дода шавад.
Дар асоси созишномаи дигар, Хадамоти федералӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Русия ба Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки техникӣ 5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо менамояд.
Ҳамчунин, бар тибқи тавофуқоти дар соҳаи энергетика ҳосилшуда, ҷониби Русия ҳар сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми то 1 миллион тонна маводи сӯзишворӣ, ки баробар ба эҳтиёҷоти дохилии солонаи кишвари мо мебошад, бе боҷи гумрукии содиротӣ ироа менамояд. Ба ҷуз ин, Русия дар Тоҷикистон бояд як зумра нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, аз ҷумла дар болои рӯдҳои дохилии Зарафшон, Фондарё ва Хингоб бунёд намояд.
Тасмими дигар доир ба навсозии иқтидори саноатии Тоҷикистон гирифта шуд, ки тибқи он барои эҳёи корхонаҳои мавҷуда ва бунёди иншооти нави саноатӣ дар Тоҷикистон дар зарфи 20 соли оянда аз ҷониби Русия 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда мешавад. Тибқи санади дар бахши муҳоҷират имзошуда бошад, мӯҳлати аз қайд гузаштани муҳоҷирони корӣ баъди воридшавӣ ба ҳудуди Русия бояд аз 3 рӯзи ҳозира ба 15 рӯз ва мӯҳлати иҷозатномаҳо барои кор дар Русия аз 1 соли феълӣ ба 3 сол иваз карда шавад.