Девонаев мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро тариқи «Скайп» ба кор таъмин намояд
Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон яке аз роҳҳои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии тоҷиконро ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия дар бастани шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва коргар унвон намуданд.
Ба қавли масъулини хадамоти мазкур, маҳз надоштани шартномаи меҳнатӣ боиси он гардидааст, ки муҳоҷирон ҳаққи ҳалоли худро дар сурати саркашии корфармо аз пардохти музди маош, гирифта наметавонанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, ки муҳоҷиронро дар асоси барномаи ҷадиди «Ҷалби муташаккилона ва ҳалли масоили бо кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ», ки тариқи технологияи муосири алоқа-скайп сурат мегирад, ба кор таъмин хоҳанд кард: «Барои аз байн бурдани миёнаравҳо, ки имрӯзҳо вазъи муҳоҷиратро, хусусан дар Русия душвор кардааст, алоқаи видеоӣ бевосита байни кордиҳандагони Федератсияи Русия ва корҷӯёни Тоҷикистон ҳалталаб мебошад».