Аз 9 то 10-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи як давраи омӯзишӣ дар Душанбе тартиби ҷории боздошти гардиши ғайриқонунӣ маводи радиоактивӣ ва ядроӣ ба баррасӣ гирифта мешавад. Дар ин бора ба Озодагон аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, семинари мазкур дар чорчӯбаи Нақшаи вокуниши муштараки миллии Тоҷикистон ва ИМА, ҳамчунин дар доираи барномаи муборизаи алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи радиоактивӣ ва ядроии (PNSP) Департаменти давлатии ИМА роҳандозӣ мешавад.
«Семинар ба мутахассисони тоҷик имконият медиҳад, ки бо усулҳои асосии фаъолияти гурӯҳҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи ядроӣ шиносоӣ пайдо намоянд»,-афзуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст, барномаи PNSP дар Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ бо мақсади мустаҳкам намудани имкониятҳои дохилии Тоҷикистон ва вусъат додани ҳамкорӣ бо ИМА дар ҷодаи пешгирӣ, ошкор ва вокуниш ба ҳолатҳои гардиши ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиоктивӣ пешниҳод гардид.