Вазирони дифои Тоҷикистону Русия зери созишномаи пойгоҳи 201 имзо гузоштанд
Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков, вазирони дифои Тоҷикистону Русия зери шартномаи ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон имзо гузоштаанд.
Тибқи ин созишнома пойгоҳи низомии 201 то соли 2042 дар Тоҷикистон мустақар хоҳад шуд. Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон 49 сол муқаррар шуда, аз замони имзои созишномаи нахустин дар таърихи 25-уми майи соли 1993 ҳисоб мешавад.