Барои ишғоли худсаронаи замин сардори як хоҷагӣ боздошт гардид
Иҳримуҳиддин Маҳмудови 62 сола, сокини деҳаи Оқ-Олтини ноҳияи Қумсангир, сардори хоҷагии ба номи «Маҳмуд-К» дастгир шудааст.
Тавре ба Озодагон Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуотии ВКД хабар дод, Иҳримуҳиддин Маҳмудов бе ягон ҳуҷчати расмӣ, масоҳати 0,01га қитъаи заминро худсарона ишғол намудааст. Аз моҳи июни соли 2012 дар он ҷо бошишгоҳи саҳроӣ бунёд кардааст.
Феълан, нисбати сардори хоҷагии ба номи «Маҳмуд-К» парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.