Нархи маҳсулоти хӯроквории биринҷ аз моҳи октябри соли гузашта то ба имрӯз, яъне тайи як сол дувоздаҳ фоиз гарон шудааст.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, арзиши як килло биринҷ моҳи октябри соли 2011-ум дар бозорҳои пойтахт 7 сомонию 63 дирамро ташкил медод, ки ҳоло нархи он ба ҳисоби миёна ба 8 сомонию 50 дирам расидааст.
Гуфта мешавад ҳоло аз ҳама нархи гарон дар дӯконҳои биринҷфурӯшии бозори «Саховат» ва «Варзоб» ба назар мерасад, ки як киллои он 9 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст.
Нархи аз ҳама арзони биринҷ дар шаҳри Душанбе дар бозори «Деҳқон» ва «Шоҳмансур» мушоҳида карда шуд, ки як килло биринҷ ба 8 сомонӣ баробар мебошад.