Бештар аз 100 омӯзгор бахшида ба иди касбияшон қадрдонӣ мешаванд
Фардо, 6-уми октябр дар Тоҷикистон Иди касбии кормандони соҳаи маориф ҷашн гирифта мешавад.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ба Озодагон гуфт, бахшида ба ин сана зиёда аз 100 омӯзгор бо унвони «Аълочии маориф» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар Тоҷикистон шанбеи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. «Имсол ҳам чун солҳои қабл дар тамоми муассисаҳои таълимии қаламрави ҷумҳурӣ бахшида ба ин сана чорабиниҳои идона баргузор мешавад»,-афзуд номбурда.
Рӯзи омӯзгоронро зиёда аз 100 кишвари дунё таҷлил мекунад.