Баҳриддин Камолидинов таъкид намуд, ба мушоҳидаи ӯ дар филмҳое, ки ҳунармандони пуртаҷриба садо медиҳанд, сифати тарҷума беҳтар аст: «Баъзе гурӯҳҳои эҷодӣ бо ташаббуси худ ба тарҷумаи филмҳо машғуланд ва аз шеваҳои гуногун истифода мекунанд, ки ба фикрам ояндаи хуб надорад. Албатта филмҳо бояд на ба забони адабии душворфаҳми китобӣ, балки бо забони зинда, бо забони гуфтугӯии зиндаи мардум баргардонида шаванд».
Маврид ба тазаккур аст, соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Дар гузашта ин сана 22-юми июл таҷлил мегардид.