Муштариёни Facebook ба миллиард расид
Facebook, шабакаи маъруфи иҷтимоии Интернет эълон кард, ки аз хизматрасониҳои он миллиард нафар истифода мекунад.
Марк Сукерберг, бунёдгузори Facebook изҳор доштааст, ки «кӯмак ба миллиард нафар кори ҷолиб ва масъулиятнок аст».
Аммо коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди афзоиши теъдоди истифодабарандагон Facebook дар биржа чандон муваффақият ба даст наовардааст ва арзиши саҳмияҳои он рӯзҳои ахир боз коҳиш ёфт.