Боздошти қочоқчӣ дар Душанбе
Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Сино маводи мухаддир кашф ва мусодира гардид.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёти вақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-2 Искандар Фармонбекови 24 сола, сокини ноҳияи Ванҷ, деҳаи Боут, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 килою 820 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.