Дар «Саховат» гӯшти мурғро қимат мефурӯшанд
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши гӯшт мушоҳида мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар қиёс бо нархҳои моҳи октябри соли гузашта, як кило гӯшти гов ҳудуди 20 фоиз, гӯшти гусфанд 21 дар сад, гӯшти мурғ 8% қиматтар шудаанд. Алъон, дар бозорҳои кишвар як кило гӯшти гов 34 сомонӣ, гӯшти гусфанд, 33 сомонию 13 дирам ва гӯшти мурғ бошад, 14 сомонию 13 дирам ба фӯруш гузошта шудааст.
«Гӯшти аз ҳама арзон дар бозори «Саховат» мушоҳида шуд. Арзиши гӯшти гову гусфанд 33 сомониро ташкил медиҳад. Аммо гӯшти мурғ 14 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар бозорҳои «Шоҳмансур»-у «Варзоб» як кило гӯшти гову гусфанд беш аз 34 сомонӣ нарх дорад. Як кило гӯшти мурғро дар ин бозорҳо бо 11 сомонӣ харидан имкон дорад»,-афзуд манбаъ.