Кӯдаки дусола зери чархи мошини падар мондааст
Дар шимоли мамлакат падар бойиси марги фарзанди худ гаштааст.Тавре ба «Озодагон» аз раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд иттилоъ доданд,
зӯҳри дина, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-520», сокини 26-солаи нохияи Б.Ғафуров- Мӯҳсин Ҷӯраев, ҳангоми ҳаракат ба қафо, дар рӯ ба рӯи ҳавлии истиқоматиаш фарзанди хурдсолаш Акмали 2-соларо пахш намудааст.Дар натиҷа писарча ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аснои интиқол ёфтанаш ба беморхона фавтидааст.