Пешвои Ҳизби «Ота-Ҷурт» дар ғасби ҳукумат муттаҳам мешавад
Қамчибек Тошиев, роҳбари Ҳизби «Ота-Ҷурт» ва вакили порлумони Қирғизистон, барои 48 соат боздошт шудааст.
Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи раиси Ҳизби «Ота-Ҷурт» дар Қирғизистон гуфтааст, нафари таҳти ҳимояташ «барои ғасби ҳукумат» муттаҳам мешавад. Аммо то кунун нисбат ба ӯ расман айб эълон нашудааст.
Дар қатори Қамчибек Тошиев, ҳамчунин сардори ҷиноҳи ҳизби «Ота Ҷурт» Содир Ҷабборов ҳам боздошт шудааст.
3-юми октябр, беш аз 10 000 нафар таҳти раҳбарии раиси ҳизби мухолифи «Ота-Ҷурт» бо пулис даргир шуда, талош карданд, то дохили ҳавлии парлумон шаванд. Онҳо дар аввал миллӣ кардани Қумтор, бузургтарин кони тиллои Қирғизистонро талаб доштанд.
Тошиев баъд аз пайвастан ба ин эътироз аз издиҳом даъват кард, то ҳукуматро сарнагун кунанд. Нерӯҳои амниятӣ алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд.
Мақомот мегӯянд, вазъро феълан таҳти назорат даровардаанд. Дар ҷараёни пароканда сохтани як тазоҳурот дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон 10 тан аз эътирозгарон ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла 3 нафар тир хӯрдаанд.